Таваллуд дар хориҷӣ

При сложной беременности, проблемах со здоровьем у будущей мамы или малыша лучше остановить выбор на клинике, специализирующейся на данном направлении. Современное оборудование позволяет определить, с каким заболевание родится малыш, и благодаря этому легко оказать ему оперативную помощь.Если патологий нет, беременность все равно может протекать сложно, особенно, многоплодная. Следует обезопасить себя и своих детей, выбрав врачей и клиники, которые имеют большой успешный опыт в ведении и приеме таких родов. Подобные госпитали есть в Великобритании, США, Швейцарии.Немаловажную роль играет уровень комфорта в клинике. В каждой стране свои правила, и семья выбирает те, которые подходят ей лучше всего. Присутствие родных на родах, их совместное проживание в госпитале, возможность навещать маму и малыша без ограничений, вежливый персонал, королевская обстановка в палате, вид на море, – все это важно для хорошего самочувствия женщины и малыша.Каждая клиника имеет свои уникальные возможности: роды в воде, вертикальные роды, роды с полным обезболиванием или наоборот – без медикаментов, массажи и стимуляции, – выбор безграничен, но иногда для получения подобных услуг приходится отправляться за границу.Некоторые страны дают малышу собственное гражданство, если он появился на их территории. Поэтому многие выбирают страной для родов США. Кроме того иногда для семьи играет важную роль уровень престижа того или иного государства. Факт, что ребенок родился в Монако, Швейцарии, Франции, Англии или Люксембурге, повышает уважение в глазах окружающих.Теплый мягкий климат и близость моря часто играют решающую роль. Будущие мамы хотят, чтобы малыш появился на свет в странах с хорошей экологией, где сам воздух способствует укреплению организма.

Таваллудро дар хориҷӣ имрӯз то бора шумораи зиёди модарони оянда интихоб мекунанд. Воқеъаи мазкур барои ҳар як фард дар ҳақиқат яке аз муҳимтарин дар ҳаёт маҳсуб меёбад ва онро беҳтараш дар шароити бароҳати клиникаи дорои хизматрасонии пешсафи тиббӣ, ҳайати ғамхор ва дастгоҳҳои муосир гузаронед.

Барои таваллуд аксаран дар ҳолати ҳомилагии бевақт сафар мекунанд ва бо ин мақсад шахсони давлатманд ҳавопаймоҳои хусусиро ба иҷора мегиранд. Инро тавассути маркази байналмилалии ёрии таъҷилии AVIAV TM (Cofrance SARL) амалӣ кардан қулай аст. Мо на танҳо киштии ҳавопаймоиро пешниҳод мекунем, балки мушоиати босифати тиббиро таъмин менамоем. Дар вуҷуди зарурият ҷети санитариро бо палатаи эҳёгардонӣ дар канораш фармоиш дода метавонед, ки дар сурати ҳомилагии мураккаб хеле бамаврид хоҳад шуд.

Чаро барои занҳои ҳомиладор парвоз тавассути ҳавопаймои хусусӣ авлотар аст

    • Ширкатҳои ҳавопаймоии одатӣ дар сурати ҳомилагии бевақт ба канор иҷозат намедиҳанд.
    • Саёҳат тариқи қатора ё автомобил барои зани ҳомиладор ноқулай мебошад.
    • Ҳавопаймо – ин барои сафар ба шаҳру кишвари зарурӣ тарзи аз ҳама тезтарину бехатар ҳисобида мешавад.
    • Дар сурати фармоиш додани ҳавопаймо тавассути AVIAV TM (Cofrance SARL) имконият пайдо мешавад, ки таҷҳизотонидани канорро интихоб кунед ва хизматрасониҳои зарурии ҳамроҳиро фармоиш диҳед.
    • Ҳавопаймои хусусӣ ба модари оянда имконият медиҳад, ки бидуни бегонагон, бо мушоиати одамони наздик ва духтури таҷрибадор парвоз кунад.
    • Киштии шахсӣ – ин минимуми асабишавӣ ва миқдори зиёдтарини ҳузуру ҳаловат аз парвоз аст.
    • Модари оянда метавонад истироҳат кунад, аз таомҳои тарабхона ҳаловат барад, филмҳои писандидаро тамошо кунад, душро қабулкунад – ҳамаи инҳо барои кайфияти хуш замина месозанд, ки ҳам барои зан ва ҳам барои тифлак хеле муҳим мебошад.
    • Агар ҳолати ҳомиладор ногувор гардад, ба ӯ духтури мушоиаткунанда ёрӣ мерасонад.
    • Дар вуҷуди ҳомилагии мураккаб тавассути AVIAV TM ҳавопаймои санитариро бо дастгоҳҳои эҳёкунанда дар канораш ба осонӣ фармоиш додан мумкин.
    • Дар ҳолати фавқулодда духтур таваллудро бевосита дар болои ҳаво қабул карда метавонад ё чораҳои заруриро ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати ҳомиладор андешида ба амал мерасонад.
Роды за границей
Роды за границей

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) баҳри ба пуррагӣ ташкил кардани саёҳат корбарӣ менамояд. Мо на танҳо ҳавопайморо пешниҳод мекунем, балки барои ҳамаи шахсони мушоиаткунанда раводидҳо, суғуртаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимиро тартиб медиҳем. Дар вуҷуди зарурият ҷиҳати интихоб кардани клиника дар кишваре, ки дар он шумо таваллуд карданро ният доред, кӯмак мерасонем, духтури беҳтаринро барои назорати ҳомилагӣ пайдо мекунем, шаҳодатномаи таваллудро барои шумо мегирем.

Асосан оила авлотар мешуморад, ки дар хориҷӣ боз як чанд моҳ бимонад, то ки тифлак қувват гирад ва модар организми хешро пурра барқарор кунад. Ба ин хотир зарур аст, ки дар кишвари интихобшуда манзили истиқоматӣ ба иҷора гирифта шавад. Ширкати Cofrance SARL масъалаҳои мазкурро ҳалу фасл намуда, ҷиҳати оне, ки ҳамагон дар шароити бароҳат қарор дошта бошанд ва волидайн аз болои чизе хавотир нашаванд, ташвиш мекашад. Таваллуд – барои ҳар як оила воқеъаи асосӣ мебошад, бинобарин хеле муҳим аст, ки он дар шароити фораму ором баргузор гардад.

Чаро занҳо таваллудро дар хориҷӣ интихоб мекунанд

Баъзан барои таваллуд дар давлати дигар ҳатто занҳо аз кишварҳои пешрафтаи аврупоие, ки дар он ҷо хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи баланд қарор дорад, мераванд. Лекин, чунин вариантро аксаран он модарони оянда интихоб мекунанд, ки аз сифати клиникаҳои Ватани хеш қаноатманд нестанд. Пас сабабҳои чунин саёҳат аз чӣ иборатанд?

Роды за границей
  1. Дар сурати ҳомилагии мураккаб, душвориҳои саломатии модари оянда ё тифлак, интихоби клиникае, ки дар самти мазкур тахассусӣ гардидааст, беҳтар аст. Дастгоҳҳои муосир имконият медиҳанд, ки касалии модарзоди тифлак муайян гардад ва ба туфайли ин ба ӯ ёрии таъҷилӣ ба осонӣ расонида шавад.
  2. Агар паталогияҳо муайян карда нашаванд ҳам, ба ин нигоҳ накарда ҳомилагӣ, махсусан бисёрбора, бо душвориҳо гузашта метавонад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки духтурону клиникаҳоеро, ки дар ҷодаи бурдани назорат ва қабул кардани чунин таваллудҳо таҷрибаи бузурги бомуваффақиятро доранд, интихоб намуда, бехатарии хеш ва фарзандонатонро таъмин намоед. Чунин госпиталҳо дар Британияи Кабир, ИМА, Швейтсария қарор доранд.
  3. Сатҳи бароҳатӣ дар клиника низ нақши муҳимро мебозад. Дар ҳар як кишвари алоҳида қоидаҳои хос муқаррар карда шудаанд ва оила онҳоеро интихоб мекунад, ки аз ҳама хуб муносиб мушоҳида мешавад. Зимни таваллуд ҳузур доштани хешон, истиқомати якҷояи онҳо дар госпитал, имконияти ташрифи бемаҳдуди модару тифлак, ҳайати хушмуомила, шароити подшоҳӣ дар палата, манзараи баҳр аз тиреза – ҳамаи инҳо барои кайфияти хуши зан ва кӯдак аҳамият доранд.
  4. Ҳар як клиника имконияти беҳамтои хешро дорад: таваллуд дар даруни об, таваллуди амудӣ, таваллуд бо бедардкунии кулл ё баръакс – бидуни дорувориҳо, масҳҳо ва нумӯъҳо – интихоб бемаҳдуд мебошад, аммо баъзан барои гирифтани хизматрасонии мазкур ба хориҷӣ рафтан зарур аст.
  5. Баъзе кишварҳо ба тифлаке, ки дар ҳудуди онҳо таваллуд шудааст, шаҳрвандии хешро медиҳанд. Аз ин сабаб бисёриҳо барои таваллуд кардан ИМА-ро интихоб мекунанд. Ғайр аз ин, баъзан барои оила сатҳи нуфузи он ё вай давлат нақши муҳимро мебозад. Далели он, ки кӯдак дар Монако, Швейтсария, Фаронса, Англия ё Люксембург таваллуд шудааст, обрӯи ӯ ва волидайнашро байни атрофиён баланд мебардорад.
  6. Иқлими мулоими гарм ва наздикии баҳр аксаран нақши ҳалкунандаро мебозад. Модарони оянда хоҳиш мекунанд, ки фарзандонашон дар кишварҳо бо экологияи хуб ва ҳавои шифобахш ба олам чашм кушоянд.

Кадом кишварҳоро модарони оянда аксаран интихоб мекунанд

Байни давлатҳое, ки онҳоро волидайни хориҷӣ барои таваллуди кӯдакашон интихоб мекунанд, ҷойҳои аввалро: Фаронса, ИМАБританияи Кабир, Монако,  Финляндия, Люксембург, ИсроилИспанияЧехияШвейтсария, АвстрияКанада ишғол менамоянд. Дар қарибӣ ба рӯйхати мазкур Таиланд низ ворид шудааст. Пас кишварҳои мазкур чӣ гуна афзалиятҳоро доранд?

ИМА

Ба Илоёти Муттаҳидаи Амрико ба «саёҳатҳои таваллудкунӣ» аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон, минҷумла аз кишварҳои гуногуни Аврупо ва Осиё меоянд. Амрикоро, ба нархҳои гарони хизматрасониҳои тиббӣ (аз 15 ҳазор доллар сар карда) нигоҳ накарда, интихоб менамоянд. Яке аз сабабҳои маъруфияти мазкур – ин имконияти тартиб додани шаҳрвандӣ ба номи тифлак мебошад: онро фақат аз он сабаб медиҳанд, ки ӯ дар ҳудуди кишвар таваллуд шудааст. Дар минбаъда шаҳрвандӣ ҷиҳати таҳсил кардан дар Амрико ва пас аз ба синни балоғат расидани фарзанд ба ин ҷо кӯчидани волидайн имконият медиҳад.

Ғайр аз ин, тибб дар кишвари мазкур то ба сатҳи баландтарин инкишоф шудааст: дар самти нигоҳубини кӯдакони чала, муолиҷаи паталогияҳои модарзод, гузаронидани чоки қайсар ва бурдани назорат аз болои ҳомилагии мураккаб муваффақиятҳои бузург мушоҳида мешаванд. Дар ИМА одамон бо забонҳои гуногун сухан мекунанд ва аксаран кӯмаки тарҷумон, ҳатто, ба касоне, ки забони англисиро намедонанд, дар ин ҷо зарур намешавад. Барои саёҳатҳои таваллудкунӣ дар кишвар Ню-Йорк, Майами, Лос-Анҷелес аз ҳама номдоранд.

Олмон

Таваллуд дар Олмон барои Аврупо нисбатан арзон ҳисобида мешавад – метавонед аз 10 ҳазор евро зиёд сарф накунед – вале сифати хизматрасонии тиббӣ дар ин ҷо олитарин аст. Кишвари мазкурро аксаран занҳое интихоб мекунанд, ки касалиҳои вазнине, бо ҳомилагӣ вобаста набударо доранд – саратон, ВИЧ, бемориҳои мураккаби дарозмуддат. Дар ин ҷо вазифаҳои мазкурро бо муваффақият иҷро мекунанд, дар зимни ин ҷараёни зикршударо барои ҳардуяшон бедарду бехатар таъмин мекунанд.

Ҳамчунин, дар Олмон усулҳои ғайристандартии таваллудкунӣ машҳуранд: дар даруни об, нишаста ё рост истода. Ба ҷараён тайёрии ҷиддӣ мебинанд, бинобарин беҳтар аст, ки пешакӣ парвоз карда омада, бо клиника, духтурон, акушерон шинос шавед ва дарси модарони ояндаро омӯзиш кунед.

Пас аз таваллуд тифлак боз се ҳафтаи дигар дар госпитал тахти назорат бояд қарор гирифта бошад. Дар зимни ин барои модар ягон парҳез пешбинӣ карда нашудааст: ӯ ҳар чизе, ки мехоҳад ва зарур мешуморад, истеъмол мекунад.

Британияи Кабир

Дар Британияи Кабир одатан нақшаи муфассали таваллудро тартиб медиҳанд, тафсилотҳоро муҳокима мекунанд, клиника ва, ҳатто, палаторо ҷиддан интихоб мекунанд. Вариантро бо ҳавз ё ҷакузи низ интихоб кардан мумкин. Вале, Англияро аксаран он занҳо интихоб мекунанд, ки таваллуди чанд фарзандро интизор мебошанд. Дар ин ҷо дар ҷодаи назорат аз болои ҳомилагии бисёрбора, таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва ҳ. таҷрибаи мусбию бомуваффақиятро доранд.

Дар вуҷуди хоҳиш дар Британияи Кабир духтурро даъват карда, метавонед таваллудро дар хона гузаронед. Барои ин мақсад зарур аст, ки ҳуҷраи истиқоматиро ба иҷора гиред ва бо ҳайати тиббӣ маслиҳат карда, ба созиш дароед. Зимнан, варианти мазкур барои занҳои хориҷӣ на он қадар муносиб аст, аксарият занҳо авлотар мешуморанд, ки тифлаки онҳо дар госпитал ба олам чашм кушояд.

Финляндия

Таваллуд дар Финляндия аз рӯи меъёрҳои аврупоӣ хеле арзон аст: ҳатто ба 5 ҳазор евро кор буд мешавад. Дар соли 2009 ташкилоти «Save the Children» кишвари мазкур барои таваллуд дар ҷаҳон беҳтарин эълон гардида буд. Чунин падида ба мисли фавт зимни таваллуд дар ин ҷо умуман мушоҳида намешавад.

Духтурони фин дар ҷодаи бурдани назорат аз болои ҳомилагии бисёрбора ва мураккабшуда таҷрибаи хеле калонро доранд. Клиникаҳо бо бароҳатӣ ва хушмуомилагии ҳайати шахсиашон маъруф мебошанд. Дар вуҷуди хоҳиш якбора пас аз таваллуд модар ва кӯдак метавонанд ба хона раванд. Аммо, агар зан хохиши истироҳат дошта бошад, ба ӯ палатаи алоҳида пешкаш карда мешавад.

Роды за границей

Фаронса ва Монако

Таваллуд дар Фаронса, махсусан агар сухан дар бораи клиникаи бонуфуз биравад, басанда қимат аст. Монако – худ давлати дар ҷаҳон аз ҳама гарон ба ҳисоб меравад, бинобарин маҷбур мешавед, ки 39-40 ҳазор евро пардохт намоед. Новобаста аз ин, кишварҳои мазкур байни модарони оянда талаботи зиёдро доранд. Аксарияти онҳо Нитса ва дигар осоишгоҳҳои Соҳили Лоҷвардиро интихоб мекунанд, зеро иқлими хуб ва шароити олиҷанобро доранд.

Дар Фаронса бедардкунии босифатро мекунанд, бинобарин таваллуд фақат хушнудиро мебахшад. Ғайр аз ин, духтурони фаронсавӣ бо таъмини ҳомилагии бисёрбора ва кӯмаки баландсифат нисбати занҳое, ки ба касалиҳои узвҳои дарунӣ, диабет, гипертония дучор шудаанд, маъруфанд. Навзодонро ҷиддӣ ташхис мекунанд, минҷумла доир ба касалиҳои генетӣ, ва дар сурати ошкор гардидани душвориҳо муолиҷаи босифат гузаронида мешавад.

Исроил

Клиникаҳои Исроилро модароне интихоб мекунанд, ки дар навбати аввал барои саломатии тифлак ташвиш мекашанд. Нархҳо дар ин ҷо нисбат ба Аврупо арзон мебошад (5-10 ҳазор доллар), аммо дар госпиталҳои бонуфуз арзиши таваллуд то ба 30 ҳазор доллар афзоиш шуда метавонад. Навтаваллудшудагонро доир ба нуқсонҳо эҳтимолӣ з ташхиси гуногун мегузаронанд, дар вуҷуди розигии волидайн эмкуниро мегузаронанд ва зимни рухсатшавӣ тӯҳфаҳоро тақдим мекунанд.

Бедардкунӣ тибқи хоҳиш ва чоки қайсар, бошад, фақат бо таъиноти ҷиддӣ гузаронида мешаванд. Бисёр модарон авлотар мешуморанд, ки дар Исроил боз ба чанд моҳ бимонанд, то ки тифлак дар назди баҳр ва дар иқлими гарм пурқувват шавад.

Испания

Таваллуд дар Испания аз рӯи меъёрҳои аврупоӣ арзон мебошад, аз 5 ҳазор евро зиёд сарф нахоҳед кард. Аммо, ба ин ҷо одатан дар «лаҳзаи охирин» намеоянд. Талаб карда мешавад, ки духтур ҷараёни ҳомилагиро назорат кунад. Бинобарин, модарони оянда як чанд моҳ пеш парвоз карда меоянд.

Омодагӣ ба таваллуд ҳатмӣ мебошад, зимнан на фақат аз ҷиҳати ҷисмонӣ, балки рӯҳию маънавӣ ба таваллуд тайёр мешаванд. Аммо, ин тадбир худи ҷараёнро хеле осон мегардонад. Бедардкунӣ танҳо бо хоҳиши зан карда мешавад. Наи нофро дар ин ҷо аз рӯи талабот набурида, тазйиқ медиҳанд ва пас интизор мешаванд, ки кай он худаш ҷудо шуда меафтад. Аксариат клиникаҳои хусусӣ на танҳо дастгоҳҳои пешсафи тиббӣ, балки палатаҳои боҳашамати «подшоҳӣ»-ро пешниҳод мекунанд.

Чехия

Боз як кишвари аврупоӣ – Чехия – бо сервиси аъло ва нархҳои мӯътадили хеш занҳои ҳомиладорро ҷалб менамояд, дар ин ҷо низ аз 5 ҳазор евро зиёд хароҷот намекунед. Ба клиникаҳои хусусӣ кифоя аст, ки ду ҳафта пеш аз таваллуд омада, аз ташхис гузаред. Аммо, дар марказҳои калони давлатӣ шуморо зарур аст, ки аллакай аз моҳи панҷӯми ҳомилагӣ тахти назорат қарор дошта бошед.

Дар ин ҷо ба занҳо озодии ниҳоии интихоби тарзи таваллудкунӣ пешкаш карда мешавад: дар даруни об, рост истода, хобида, нишаста зоиш кардан мумкин, ҳамчунин, наздиконро даъват карда, якбора воқеъаро ҷашн гирифта метавонед. Бедардкунӣ мисли чоки қайсар фақат тибқи таъинот карда мешавад. Дар палатаҳо бароҳати ва базеби мушоҳида мешавад, тифлак якбора пас аз таваллуд бо модар мемонад.

Роды за границей

Швейтсария

Швейтсарияро барои таваллуд занҳои давлатманде, ки пардохтани 20-40 ҳазор евроро омода ҳастанд, интихоб мекунанд. Ин рақам, ҳатто, аз рӯи меъёрҳои аврупоӣ гарон ҳисобида мешавад, аммо занҳо сифати баландтарини тибб, иқлими олиҷаноб, палатаҳои боҳашамат ва нуфузи худи кишварро қадрдонӣ мекунанд. Дар ин ҷо одатан ҳангоми тамоми давраи ҳомилагӣ зери назорати духтур қарор мегиранд, ташхисҳои гуногунро мегузаронанд, то ки нуқсонҳои эҳтимолиро барвақт ошкор намоянд.

Ба Швейтсария аксаран баъди чоки қайсар барои таваллуди табиӣ мераванд. Занро аз ҷиҳати ҳам ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳӣ тайёр мекунанд, чоки қайсар танҳо тибқи таъиноти ҷиддӣ амалӣ карда мешавад. Андомро модар мустақилона интихоб мекунад. Палатаҳо хеле бароҳатанд ва барои ташрифи оилавӣ пешбинӣ карда шудаанд.

Австрия

Австрия – кишвари нисбатан арзон, вале барои таваллуд басанда бароҳат аст. Дар ин ҷо шумо метавонед аз 10 ҳазор евро зиёд сарф накунед. Кифоя аст, ки ду ҳафта пеш аз ин воқеъаи хушбахтӣ ҳозир шавед ва аз ташхис гузаред.

Таваллуди табиӣ маъқул дониста мешавад, дар зимни ин модар мустақилона андому шароит ва муҳитро интиҳоб мекунад. Дар вуҷуди хоҳиш ҳатто ҳангоми сайру гашт дар наздикӣ аз клиника таваллуд карда метавонед. Чунин тарзҳои ғайристандартӣ ба мисли ҳавз, алвонҷкурсӣ, аромомуолиҷа, намудҳои гуногуни масҳ истифода карда мешаванд. Тавсия дода мешавад, ки пас аз таваллуди тифлак боз ақаллан як моҳ бимонед, то ки аз ҳамаи ташхисҳои зарурӣ гузаред.

Канада

Канадаи дурдаст нисбат ба ИМА байни занҳои аврупоӣ талаботи камтарро дорад. Арзиши таваллуд метавонад то 50 ҳазор долларро ташкил диҳад, лекин баъзе клиникаҳо хизматрасониҳоро бо нархи 20 ҳазор доллар низ пешниҳод мекунанд. Дар ин ҷо сатҳи олитарини тибб, таҷрибаи бомуваффақияти нигоҳубини тифлакони чала ва амалан вуҷуд надоштани фавти зоишкунандагон мушоҳида мешаванд. Бедардкунӣ танҳо дар сурати таъиноти ҷиддӣ ё фавқулодда истифода карда мешавад.

Пас аз таваллуд тифлак шаҳрвандии Канада-ро қабул мекунад, ки ин далел шумораи бисёри волидайни ояндаро ҷалб мекунад. Аммо, ҷараёни тартибдиҳии ҳуҷҷатҳо ҳам то ба таваллуд ва ҳам баъд аз он – хеле мураккаб мебошад, бинобарин ба шумо кӯмаки ҳуқуқшиносони таҷрибадори Cofrance SARL зарур мешавад.

Таиланд

Таиланд барои таваллуд байни занҳои хориҷӣ ба қарибӣ маъруф гардидааст. Нархи хизматрасониҳо дар ин ҷо нисбат ба Аврупо назаррас паст мебошад, ҳатто барои клиникаи хусусии аз ҳама қимат на зиёд аз 3000 доллар хароҷот мекунед. Кишвари мазкурро ба хотири иқлими гарм, уқёнус, мевагии наву тоза ва хушмуомилагӣ интихоб мекунанд.

Аксарият модарон ба ин ҷо барои на кам аз ним сол: се моҳ то ва се моҳ пас аз таваллуд омаданро авлотар мешуморанд. Тибб дар клиникаҳои гарони муосир хеле хуб инкишоф ёфтааст, аммо ба духтурони маҳалӣ доир ба таъиноти муолиҷа савол додан манъ шудааст.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) парвозҳоро ба ҳар кишвари ҷаҳон ба таври «аз ибтидо то интиҳо» ташкил мекунад. Ба чунин воқеъаи дар ҷаҳон муҳимтарин бояд пешакӣ омода шавед, бинобарин, чӣ қадар барвақт ба мо муроҷиат кунед, ин қадар хуб аст. Мо ба хотири он, ки тифлакатон дар шароити бароҳат ба олам чашм кушояд ва худи ҷараён барои шумо ва наздиконатан фақат хушнудиро бахшад ташвиш мекашем ва корбарӣ мекунем.