Интиқоли ҳавопаймоии тиббӣ дар Гамбург

Агар ба шумо ё наздиконатон сафар ба Гамбург барои муолиҷа зарур шавад, AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳавопаймои санитариро дар ҳар гӯшаю канори ҷаҳон ба шумо пешкаш карда метавонад. Дар шаҳри мазкур клиникаҳои бисёре қарор доранд, ки хизматрасониҳои сатҳи баландро пешниҳод мекунанд ва нархҳои онҳо, нисбат ба бисёр кишварҳои дигар, басанда дастрас мебошанд.

Баъзан, чунин ҳолат ба вуҷуд меояд, ки мизоҷ дар Гамбург истиқомат дорад, вале хоҳиш мекунад, ки ба дигар шаҳр сафар намояд. Ва дар ин сурат низ мо ба ӯ ҳатман кӯмак мерасонем, то ки ба он ҷо саривақт ҳозир шавад. АВИАВ ТМ (Cofrance SARL) парвозҳоро ба ҳар кишвар ташкил мекунад.

Ҳавопаймоҳои муосири тиббӣ

Сол ба сол маъруфияти авиатсияи тиббӣ меафзояд. Ҳавопаймоҳо махсусан дар он ҳолатҳо истифода бурда мешаванд, ки интиқоли беморони вазнин зарур мешавад. Дар аксари вақт, ҳар як дақиқа барои ҳаёти бемор муҳим ва ҳалкунанда ба ҳисоб меравад. Интиқоли таъҷилии бемор ба шаҳре, ки дар он ҷо клиникаи зарурӣ вуҷуд дорад, наҷот додани ҳаёти ӯро кӯмак мерасонад.

Ширкати АВИАВ ТМ (Cofrance SARL) ба мизоҷони хеш ҳавопаймоҳои бароҳати санитариеро пешниҳод мекунад, ки бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ ҷиҳозотонида шудаанд ва, дар асл, «шӯъбаи эҳёгардонии парвозкунанда» мебошанд. Дар ин ҷо ҷиҳати таъмин кардани фаъолияти ҳаётии мизоҷ, ёрии касбӣ ва ҳатто, ҷарроҳӣ, ҳама шароит муҳайёст. Дар вуҷуди зарурият духтур, ҳамшираи шавқат ва дигар коршиносон дар дохили киштӣ якҷоя бо шумо қарор дошта, парвоз мекунанд.

Ҳавопаймои тиббиро аз мо фармоиш диҳед

Ба хотири фармоиш додани хизматрасонии авиатсияи тиббӣ дар самти зарурӣ, дархостро дар сомонаи мо гузоред ё бевосита бо менеҷер ба алоқа бароед. Шуморо зарур аст таъҷилан хабар диҳед, ки ба шумо чӣ гуна ҳавопаймо лозим мебошад, ҳамчунин ҳамаи маълумотҳоро дар бораи мизоҷ: синну сол ва ташхис, ҳолати саломатӣ ва талабот нисбати интиқолдиҳӣ, ба мо расонед, албатта, агар худи шумо чунин маълумотро дошта бошед. Дар вуҷуди зарурият, мо маслиҳати духтури таҷрибадорро низ пешкаш хоҳем кард.

Хизматрасониҳои авиатсияи санитарӣ на танҳо барои интиқол додани касалони вазнин зарур мебошанд. Ҳавопаймоҳои тиббӣ ҳамчунин дар бисёр ҳолатҳои дигар истифода карда мешаванд. Кашондани зани ҳомиладор, пешкаш кардани ҳавопаймо ба ҷабрдидагон дар минтақаи офати табиӣ, интиқол додани маъюб ба маркази офиятӣ, хизматрасонӣ нисбати шахсони кӯҳнасол – барои ҳамаи ин ҳолатҳо рейси мунтазамӣ муносиб нест ва хизматрасониҳои киштӣ ё чархболи хусусӣ зарур мебошанд.

Мо хизматрасониҳои ҳам зарурӣ ва ҳам иловагиро пешкаш мекунем ва омода ҳастем, то ки парвозро аз ибтидо то интиҳо ташкил намоем:

  • клиникаи муносибро дар Гамбург ё ҳар шаҳри дигари Аврупо интихоб карданро кӯмак мерасонем;
  • барои хизматрасонии тиббӣ шартнома мебандем;
  • беморро бо духтур, ҳамшираи шавқат ва дастаи санитарӣ таъмин менамоем;
  • то ба ҷойҳои парвоз ва фурудоӣ мошинаи махсус таҷҳизотонидашудаи тиббиро барои интиқол додани мизоҷ пешкаш менамоем;
  • парвози чархболро то ба ҷои душворфатҳ таъмин менамоем;
  • раводидҳо ва суғуртаҳоро тартиб медиҳем;
  • шароити бароҳатро барои мизоҷ бунёд месозем;
  • ҳар як душвории бавуҷудомадаро ҳалу фасл мекунем.

Ҳамкорӣ бо AVIAV TM (Cofrance SARL) қулай ва боэътимод аст. Имконият вуҷуд дорад, то ки бастани шартнома ва пардохти сафар ба таври фосилавӣ амалӣ карда шаванд. Пас аз қабул кардани фармоиш, менеҷери мо фармоишро ба тезӣ муҳокима карда, бо шумо тамос мекунад, то ки тафсилотҳоро аниқ намояд. Дар ҳолатҳои фавқулодда, ҳатто се соат пас аз бронкунӣ парвоз кардан мумкин. Бо мутахассиси мо ҳар тариқе барои шумо қулай тамос кунед, то ки маслиҳати ройгони тиббиро соҳиб шавед.

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *