Барои муолиҷа ба куҷо парвоз бояд кард

Имрӯз одамон аксаран барои муолиҷа на кишвари хешро, балки давлати дигарро интихоб мекунанд. Сабабҳои ин падида гуногунанд, аммо дар бисёр ҳолатҳо аз он вобаста мебошад, ки дар Ватан сифати хизматрасонии тиббӣ нисбатан паст ё нархҳои нисбатан баланд мушоҳида карда мешаванд. Баъзан танҳо дар клиникаи хориҷие тахассусаш маҳдуд аз касалиҳои вазнин шифо ёфтан мумкин.

 

 

Барои ба дигар кишвар интиқол додани шахсоне, ки ба бемориҳои вазнин дучор шудаанд, ҳавопаймои хусусӣ зарур мебошад. Онро дар маркази байналмилалии ёрии тиббии AVIAV TM (Cofrance SARL) фармоиш додан осон аст. Аз ин ҷо шумо рейси индивидуалиро тавассути киштии ҳавопаймоии маҳсусгардонидашуда дар хатсайри зарурӣ дар вақти қулай ташкил карда метавонед.

Дар канори ҳавопаймоии санитарӣ дастгоҳи эҳёгардонӣ вуҷуд дорад, ки ҷиҳати эмин нигоҳ доштани ҳаёти ҷабрдида, ҳатто, агар ӯ дар ҳолати вазнин қарор дошта бошад ҳам, имконият медиҳад. Духтур беморро ҳамроҳӣ намуда, ба ӯ ёрии заруриро мерасонад.

Агар ба шумо рейси тиббӣ зарур шавад, тариқи хати телефонии таъҷилӣ ба AVIAV TM  занг занед ё дар сомонаи мазкур дархостро гузоред. Ҷуғрофии хатсайрҳо бемаҳдудаст: фақат суроғаро дар шаҳри лозимии ҷаҳон нишон диҳед ва мо беморро ба ҷои муқарраршуда бурда мерасонем.

Барои муолиҷа ба куҷо бояд рафт

Самтҳои машҳури интихобнамудаи касалони кишварҳои гуногунро баррасӣ менамоем. Байни давлатҳои Аврупо: Олмон, Фаронса, Чехия, Туркия, Австрия, Швейтсария, Маҷористон талабот доранд. Аз кишварҳои Осиё беморон Кореяи Ҷанубӣ, Таиланд, Ҷомон, Исроил, Ҳиндустон, Сингапурро интихоб мекунанд. Ҳамчунин муолиҷа дар ИМА ва, қисман – дар Канада талаботи хеле зиёдро дорад.

Пас муолиҷа дар самтҳои мазкур чӣ гуна хусусиятҳоро дорад?

Туркия

Беморон аксари вақт чун ҷои муолиҷа Туркияро интихоб мекунанд. Ба ин ҷо аз мамлакатҳои ҳам Аврупо ва ҳам Осиё меоянд. Яке аз сабабҳои падидаи мазкур – ин нархҳои дастрас дар баробари сифати баланди хизматрасонии тиббӣ мебошанд. Дар ин ҷо тахминан 50 беморхонаҳо сертификати JCI-еро доранд, ки аттестатсияи байналмилалиро тасдиқ менамояд, инчунин қисми назарраси табибон дар Аврупо соҳиби таҳсилот мешаванд.

Ба Туркия бо мақсади муолиҷаи бемории саратон мераванд. Дар ин ҷо чунин тарзҳои муолиҷа ба мисли: гамма-теғ, роботҳои Да Винчи, лапараскопия, муолиҷаи кимиёвӣ, дигар самтҳои одатию навоварона истифода карда мешаванд. Ҳамчунин, дар кишвар ҷарроҳиҳо доир ба трансплантатсияи мағзи устухон машҳуранд ва зиёда аз 93% онҳо бо муваффақият гузаронида мешаванд.

Ҳамчунин, аз ин ҳам зиёд бо муваффақият ҳаракатҳои нейроҷаррохӣ, минҷумла бо истифодаи системаҳои муосири нейронавигатсия, гузаронида мешаванд.

Ба ғайр аз ин, Туркияро аз он сабаб интихоб мекунанд, ки дар дохили кишвари мазкур осоишгоҳҳои олиҷаноби барқарорсозӣ дар Кемер, Алане ва Кушадасс мавқеъ гирифтаанд. Чашмаҳои номдори оби гарм дар Памуккал ва Бурса бо хусусиятҳои шифобахши хеш маъруф мебошанд, бинобарин ба ин ҷо беморони дорои тарбод (ревматизм), чунун (невроз) ва дигар касалиҳо ташриф меоваранд.

Куда лететь лечиться
Куда лететь лечиться
Куда лететь лечиться

Ҳиндустон

Табобат дар Ҳиндустон аз давраҳои қадим машҳур буд, аммо имрӯз ин на танҳо аюрведаи номдор аст. Сатҳи тибб дар кишвар хеле афзудааст ва айни замон дар Ҳиндустон чунин клиникаҳо фаъолият доранд, ки сифати хизматрасониашон нисбат ба аврупоиҳо ягон камӣ надошта, нархҳояшон бошанд ба 30-80% паст мебошанд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо ширкатҳои фарматсевтӣ инкишоф ёфтаанд, ки аналогҳои дорувории ғарбӣ ва амрикоиро истеҳсол карда, онҳоро бо нархи даҳ баробар паст нисбат ба Аврупо пешкаш менамоянд.

Дар Ҳиндустон намудҳои бисёри ҷарроҳиҳо бо муваффақият гузаронида мешаванд, минҷумла трансплантатсияи узвҳо: ҷигар, дил, шушҳо, ғадуди зери меъда, – ва донорӣ зимни ҳаёт иҷозат дода шудааст. Ҷойивазкунии мағзи устухон, муолиҷаи касалиҳои онкологӣ бо истифодаи роботҳои Да Винчи, гамма-теғ ва табобати таргетӣ машҳур мебошанд.

Кореяи Ҷанубӣ

Байни кишварҳои Осиё ҷиҳати муолиҷа Кореяи Ҷанубӣ одатан талабот дорад. Ба ин ҷо беморони дорои онкология, ки тарзҳои мубориза бо он хеле гуногунанд, барои табобат меоянд. Криомуолиҷа, иммуномуолиҷа, табобати таргетӣ, намудҳои гуногунии ҷарроҳиҳо истифода карда мешаванд. Ҳамчунин, дар кишвар ба касалиҳои узвҳои такягоҳӣ-ҳаракаткунанда шифо мебахшанд, ба туфайли техникаи муосир эндопротезирование гузаронида мешавад. Ҷарроҳиҳои радиоҷарроҳия дар мағзи сар, хунгузаронии аортокоронарӣ (шунтирование) талабот доранд.

Дар Корея шумораи зиёди клиникаҳои хурди хусусӣ фаъолият доранд, ки байни мизоҷон маъруф мебошанд. Давлат интихоби кадрҳоро ҷиддан назорат мекунад ва ба чунин муассисаи тиббӣ фақат духтурони аз ҳама таҷрибадору боистеъдод ба кор даромада метавонанд. Ғайр аз ин, дар Кореяи Ҷанубӣ тарзҳои муосири ташхиси барвақтии касалиҳои гуногун истифода карда мешаванд. Клиникаҳои зерин машҳуранд: Каннам Северанс, госпитал дар назди донишгоҳи Сеул, госпитали Духтари авлиёи Марьям.

Куда лететь лечиться
Куда лететь лечиться

Олмон

Дар байни кишварҳои Аврупо барои муолиҷа яке аз ҳама машҳуртарин Олмон мебошад. Аз нуқтаи назари аврупоӣ нархҳо дар ин ҷо ҳоло ҳам паст мебошанд, аммо, нисбат ба давлатҳои Осиё онҳо ба дараҷа баланд мушоҳида мешаванд. Самти талаботдор ин онкология мебошад: дар марказҳои махсусгардонидашудаи кишвар ба 300 намуди саратон шифо мебахшанд.

Ҳамчунин, ба Олмон ба хотири муолиҷаи касалиҳои дил меоянд: кардиоҷарроҳӣ хеле инкишоф ёфтааст. Методикаҳои беназири муосир зимни ҷарроҳиҳои нейроҷарроҳия ва баҳаракатдарории ортопедӣ истифода карда мешаванд. Барои шаҳрвандони хориҷӣ хизматрасониҳо бо нархҳое ба мисли сокинони кишвар пешкаш карда мешаванд. Клиникаҳои зерин маъруфанд: Шарите, Богенгаузен, донишгоҳи Мюнхен ва донишгоҳи Гете.

Исроил

Дар бораи муваффақиятҳои тибби исроилӣ ҳама хабар доранд. Тибқи маълумоти оморӣ кишвари мазкур аз ҷиҳати ҳам шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки барои муолиҷа меоянд, ва ҳам сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҷои аввалро ишғол менамояд. Дар ин ҷо ташхиси дақиқ гузаронида шуда, ҷарроҳии хурди инвазивӣ истифода карда мешавад, дар самтҳои гуногуни муолиҷавӣ коршиносони тахассусашон маҳдуд фаъолият доранд.

Аз рӯи хулосаи экспертон бехатарии муолиҷа дар Исроил чун 97% баҳогузорӣ карда мешавад. Самтҳои аз ҳама талаботдошта чун пештара онкология, ҷарроҳиҳои нейроҷарроҳия ва, ҳамчунин, нуқсонҳои мағзи устухон ва сар, бефарзандӣ, касалиҳои генетикӣ ва пӯст мемонанд. Нархи табобат дар Исроил нисбат ба Туркия баландтар ба назар расида, аммо нисбат ба кишварҳои Аврупо арзонтар мебошад. Байни беморхонаҳо маркази тиббии Тел-Авив, клиникаҳои Шиба, Асаф ха Рофэ, Ассута махсусан машҳуранд.

Чехия

Аз кишварҳои Аврупо бисёри вақт Чехияро интихоб мекунанд. Аз рӯи меъёрҳои аврупоӣ нархҳои маҳалӣ басанда пастанд, вале хизматрасонии тиббӣ ба стандартҳои ҷаҳонии сифат мутобиқ мебошанд. Ба ин ҷо бо мақсади табобати онкология бо истифодаи кибер-теғ ва роботҳои Да Винчи меоянд, ҳамчунин ҷойивазкунии ҳуҷайраҳои стволовӣ дар вуҷуди бемориҳои асаб низ машҳур мебошад.

Ба шарофати осоишгоҳҳои хеш Чехия бо муолиҷаи балнеологиаш номдор шудааст. Мизоҷон аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба Карловы Вары, Марианские Лазни ва дигар шаҳрҳо барои истироҳати босифати осоишгоҳӣ меоянд ва дар муассисаҳои мазкур ба шахсоне, ки ба касалиҳои узвҳои такягоҳӣ-ҳаракаткунанда, рагҳо, вайроншавии асаб, душвориҳои гинекологӣ дучор шудаанд, таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад.

Фаронса

Фаронса ҷиҳати муолиҷаи онкология, касалиҳои узвҳои такягоҳӣ-ҳаракаткунанда, бемориҳои гастроэнтерологӣ имкониятҳои олиҷанобро пешниҳод мекунад. Аммо онро на он қадар бисёр интихоб мекунанд, зеро нархҳои табобат дар ин ҷо назаррас баланд мебошанд.

Шахсони давлатманд ташрифи клиникаҳо ва осоишгоҳҳои Соҳили Лоҷвардиро авлотар мешуморанд. Дар ин ҷо шумораи бисёри марказҳои табобати талассоӣ барои муолиҷаи касалиҳои гурда, бандҳо ва ҷигар, мубориза бо иммунитети пастшуда, фарбеҳӣ, вайроншавии гардиши хун ва ҳ. фаъолият мекунанд.

Австрия

Нархҳои баланд ва клиникаҳои олиҷанобро Австрия низ пешкаш менамояд. Дар ин ҷо тибб хеле баланд инкишоф ёфта, барои мизоҷон шароитҳои махсуси бароҳат фароҳам оварда шудаанд. Ба кишвари мазкур бо мақсади табобати касалиҳои гуногун, махсусан барои аз бемориҳои ортопедӣ, гинекологӣ ва онкологӣ шифо ёфтан меоянд.

Офият дар шароити осоишгоҳҳои кӯҳӣ инчунин машҳур мебошад. Агар чархболи санитариро аз AVIAV TM (Cofrance SARL) истифода баред, ба он ҷо рафта расидан муддати дақиқаҳои башумор имконпазир аст. Беморхонаҳо ва осоишгоҳҳои маҳалӣ боҳашаматанд ва ба қасрҳои шоҳӣ монандӣ доранд. Шифогоҳҳои аз ҳама маъруфи Австрия инҳоянд: Клиникаи хусусии Вена, госпиталҳои Рудолфинерхаус ва Леех.

Маҷористон

Осоишгоҳҳои хуби офиятӣ низ дар Маҷористон мавқеъ гирифтаанд. Дар ин ҷо шумораи зиёди осоишгоҳҳои оби гарм, чашмаҳои шифобахш вуҷуд доранд, ки онҳоро мизоҷон аз тамоми ҷаҳон ташриф меоваранд. Новобаста аз оне, ки муолиҷаи балнеологӣ гарон мебошад, талаботаш хеле калон мушоҳида карда мешавад. Клиникаҳои машҳур зеринанд: Институти офияти тиббии Будапешт, Маркази тиббии донишгоҳи Дебретсен.

Дар Маҷористон касалоне, ки ба артрит, душвориҳои пӯст, гинекологӣ, урологӣ, гурда ё узвҳои ҳозима дучор шудаанд, саломатии хешро барқарор менамоянд. Стоматология хеле боло инкишоф ёфтааст, лекин марказҳои онкологӣ на он қадар хуб мебошанд: дар кишвари мазкур миқдори фавт аз сабаби саратон ҷиддан баланд ба назар мерасад.

Бемориҳо ва кишварҳо

Касалиҳоеро, ки ба хотири онҳо аз ҳама бисёр барои муолиҷа ба хориҷӣ мераванд, баррасӣ менамоем. Ҷои аввалро онкология ишғол мекунад. Аз ӯҳдаи табобати ин бемории вазнин на дар ҳама кишварҳо мебароянд ва, ҳатто, дар клиникаҳои пешрафта аксаран на дар бораи шифоёбии комил, балки оиди ба қадри имкон дароз кардани ҳаёти бемор сухан рафта метавонад.

Онкология

Бинобари сифати хуби хизматрасониҳо ва дастрас будани нархҳо, ҷиҳати муолиҷаи онкология аксарият беморон Исроилро интихоб мекунанд. Ҳамчунин, барои табобати касалиҳои саратон ба Олмон, Туркия, Фаронса, Сингапур, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Чехия, Хитой, Швейтсария мераванд.

Кардиология

Нисбати муолиҷаи касалиҳои дил талабот нисбатан кам мушоҳида мешавад, вале шумораи хоҳишмандони табобати душвориҳои дил дар шароити хориҷӣ устуворона афзоиш меёбад. Вобаста аз ташхис, мизоҷон аксаран Олмон, Исроил, Ҷопон, Швейтсария ва Кореяи Ҷанубиро интихоб мекунанд.

Сил

Касалии силе, ки дар кишварҳои пешрафта кам мушоҳида мешавад, аммо дар кишварҳои тараққикардаистода ҷиддан номдор аст, яке аз сабабҳои аксари марг мебошад. Табобат бо устуворкунии ҳатмии системаи сироятнопазирӣ, мубориза бо бактерияи Кох, машқдиҳии техникаи нафаскашие, ки ҷиҳати гӯштпуркунии бофтаи зарардида мусоидат менамояд, гузаронида мешавад. Шифои комилро дар клиникаҳои Олмон, Исроил, Британияи Кабир ва ИМА дидан мумкин.

Банду буғумҳо ва сутунмӯҳра

Бемориҳои банду буғумҳо ва сутунмӯҳра дар ҳолатҳое, ки инсон пурра ё қисман аз қобилияти ҳаракаткунӣ маҳрум мегардад, махсусан хатароваранд. Муолиҷаи босифати касалиҳои мазкур дар Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия, Австрия, Исроил, Ҳитой, Итолиё, ИМА гузаронида мешавад.

Офталмология

Касалиҳои вазнини чашм оқибатҳои хатарнокро ба вуҷуд оварда метавонанд. Вале, қариб ҳамаи онҳо, махсусан бо шарти ташхиси босифати барвақтӣ, муолиҷа карда мешаванд. Самтҳои машҳур: аз нав шинондани қарнияи чашм, нуқсонҳои зуҷоҷия, катаракта, захмиҳо. Ҷарроҳиҳои офталмологӣ махсусан бо мувафаққият дар Сингапур, Маҷористон, Олмон, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Белоруссия, Латвия, Чехия, ИМА гузаронида мешаванд.

Диабет

Диабет аз рӯи фоизи сабабҳои фавти одамон дар сайёра ҷои сеюмро ишғол мекунад, аз ин лиҳоз, касалии мазкурро аксаран дар клиникаҳои хориҷӣ табобат мекунанд. Ҷиҳати аз бемории зикршуда шифо ёфтан ё ақаллан ниҳоятан паст кардани эҳтимолияти пайдошавии бодҳоро духтурони Олмон, Латвия, Ҳитой ва Ҳиндустон кӯмак расонида метавонанд.

Бордоркунии экстракорпоралӣ (ЭКО)

Дар замони мо то бора шумораи зиёди одамон ба душвории бефарзандӣ дучор мешаванд. Яке аз хизматрасониҳои машҳур дар клиникаҳои хориҷӣ – ин бордоркунии экстракорпоралӣ (ЭКО) маҳсуб меёбад. Барои бисёриҳо чунин амал ин роҳи ягонаи бордоршавӣ ва имконияти шудани волидайн ҳисобида мешавад. Талабот ба хизматрасониҳои мазкур дар Латвия, Олмон, Британияи Кабир, ИМА, Кипр ва Кореяи Ҷанубӣ махсусан баланд аст.

Агар шумо ҷиҳати сафар кардан ба хориҷӣ барои муолиҷа хоҳиш дошта бошед, дар сомонаи мазкур дархостро гузоред ё бо менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) тамос кунед. Мо саёҳатро «аз кат то кат» ташкил карда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро тартиб медиҳем ва ҳавопаймои тиббиро пешкаш менамоем.