Бистарикунонии таъҷилӣ

Экстренная госпитализация

Бистарикунонии таъҷилӣ дар вуҷуди хатар ба ҳаёти инсон зарур мешавад. Ин метавонад ҷароҳати ногаҳон дар натиҷаи садама ё авҷгирии бемории дарозмуддат бошад – дар ҳар ҳолат даъвати ёрии таъҷилӣ ва интиқолдиҳии ниҳоят ботезии мариз ба беморхона зарур мешавад. Дар бисёр кишварҳо зимни ҳолатҳои мазкур чархболҳои тиббӣ истифода карда мешаванд.

Экстренная госпитализация

Агар ба шумо даъвати таъҷилии чархбол лозим шавад, ба маркази байналмилалии ёрии таъҷилии AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед. Операторони мо тибқи реҷаи шабонарӯзӣ кор карда, ба зангҳои телефонӣ ҷавоб медиҳанд ва тавассути интернет дархостҳоро қабул мекунанд. Хизматрасонии мо пулакӣ буда, бо дархости индивидуалии ҳам шахсони инфиродӣ ва ҳам клиникаҳо, пешкаш карда мешавад.

Киштии ҳавоӣ дар канори худ чунин таҷҳизоти заруриеро дорад, ки ҳаёти маризи дар ҳолати вазнин қарордоштаро эмин нигоҳ дошта метавонад. Рейсро духтури реаниматолог ва фелдшер мушоиат мекунанд. Бистарикунонии таъҷилӣ аз расонидани кӯмаки бетаъхир дар ҷои ҳодиса, муайян кардани ташхис ва ба сатҳи ниҳоӣ фуровардани хатарҳо зимни интиқол додани бемор иборат мебошад. Дастаи табибон ба клиникае, ба он чархбол парвоз хоҳад кард, пешакӣ хабар медиҳад. Госпиталҳои бисёр майдончаҳои махсуси фурудоиро доранд, ки ин ҷараёни интиқолдиҳии маризро назаррас метезонад.

Таъинот барои бистарикунонии таъҷилӣ

Агар дар бораи ҷароҳат, шикастаҳои устухон ё сӯхтаҳо, дардҳо ва хунравиҳои сахт ё ногувор гаштани ҳолати умумии мариз сухан биравад, пас духтури ёрии таъҷилӣ ташхисро дар лаҳзаи муоина мегузаронад.

Экстренная госпитализация

Таъинотҳо барои бистарикунонӣ ба шӯъбаи ҷарроҳӣ зеринанд:

  • ҳолатҳои шадид: варами кӯррӯда (аппендисит), васеъшавии меъда, ҷисмҳои бегона дар аъзои ҳозима, хунравии меъдаю рӯда, қабзияти рӯда, панкреатит;
  • носурҳои сироятшудаи муфтхури ҷигар, ғадуди зери меъда;
  • перитонит, флегмона,
  • захми сӯрохдори меъда ва рӯдаи 12-ангушта,
  • фишордиҳии дабба,
  • зардпарвини механикӣ,
  • варамҳои мураккабшудаи аъзои ҳозима,
  • тромбози мезентериалӣ,
  • сӯрохшавии захми меъда, колити ғайриоддии захмдори мураккабшуда, захмҳои маҳватаи шикам,
  • ҷароҳати бофтаҳои муллоим, гардан ва сина,
  • бемории мураккабшудаи Крон,
  • суддабандии пайвастгоҳи меъда,
  • печиши овезахои равғанин ва сӯрохшавии дивертикулҳои рӯдаи ҳалқашакл.

Самти махсус ин ҷарроҳияи фасоддор аст. Бистарикунонии таъҷилӣ ба шӯъбаи мазкур дар вуҷуди ташхисҳои зерин зарур мешавад:

  • ҳолатҳои шадид: парапроктит, тромбофлебити нобуткунандаи рагҳои вариди геморроидалӣ, остеомиелит, думбалҳои боқимондаи маҳватаи шикам;
  • ҳолатҳои фасодшавӣ: ҷароҳатҳои сӯхта, носурҳои маҳватаи шикам, носури думғоза, ҷароҳатҳои бофтаҳои мулоиме бо лифангоит ва лимфаденит мураккабшуда, яраҳои фасоддори рӯда бо аломоти норасогии полиорганӣ;
  • носурҳо: қафои шикам, устухонҳои кос, бофтаҳои мулоим, шаклҳои қаросонии варами саромосӣ, захмҳои «бистарӣ»;
  • хунравии геморроидалӣ бо камхунӣ;
  • кузоз ва ҳорӣ;
  • сирояти анаэробии клостродиалӣ ва ғайриклостродиалӣ.

Экстренная госпитализация

Чархболҳоро аксаран ба ҷои ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ, фалокатҳо, садамаҳои техникӣ, минтақаҳои офатҳои табиӣ даъват мекунанд. Киштии ҳавоӣ аз AVIAV TM (Cofrance SARL) омода аст, ки ба ҷойҳои душворфатҳ (кӯҳҳо, пиряхҳо, маҳали кӯл) ҳаракат кунад, ба болои яхта дар баҳр фурояд, дар амалиётҳои ҷустуҷӯӣ – наҷотдиҳӣ иштирок намояд.

Дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо одамон одатан ҷароҳат бардошта, аз ин сабаб ба шӯъбаҳои осебшиносӣ ва ортопедӣ дохил мешаванд. Ҳодисаҳои мазкур инҳоянд:

  • шикастҳои – сутунмӯҳра бидуни вайроншавии ҳароммағз, кабурғаҳо, ду ва се буҷулакҳои пой,  мураккабшуда, устухонҳои дасту по, устухонҳои коса, сутунмӯҳра дар ҳамбастагӣ бо зарб хӯрдани майна;
  • беҷошавии устухони сон,
  • ҷароҳатҳои ҳароратӣ,
  • аломоти фушурдашавии позитсионӣ.

Авҷ гирифтани касалиҳо

Агар сухан на дар бораи ҳодисаҳои ногаҳон, балки дар бораи авҷ гирифтани касалиҳои вуҷуддошта ва дарозмуддат биравад, пас маризро ба шӯъбаи марбута равон мекунанд.

Самтҳои аз ҳама паҳншуда зеринанд: урология, пулмонология, кардиология, гастроэнтерология, неврология, терапия.

Барои касалиҳои урологӣ аломатҳои ҳаяҷоноваре, ки дар вуҷуди онҳо, бистарикунонии таъҷилӣ таъин карда мешавад, инҳоянд:

  • ҳолатҳои шадид – қабзияти пешоб, касалиҳои фасоддори роҳҳои болоии пешоб,  касалиҳои фасоддори узвҳои таносули мард,
  • халаи гурдаҳо,
  • макрогематурия,
  • мураккабшавии варам ё ҷароҳати олати таносул ва роҳи шоша,
  • парафимоз.


Экстренная госпитализация

Ба шӯъбаи неврологӣ маризоне дохил мешаванд, ки ба онҳо дар вуҷуди ҳолатҳои зерин ёрии таъҷилӣ зарур аст:

  • ҳолатҳои шадид – менингит, энтсефалит, вайроншавии гардиши хуни майна, абстсесси мағзи сар;
  • тағӣироти дегенеративии сутунмӯҳра,
  • тутқулок;
  • энтсефалопатияи дистсиркуляторӣ.

Ба бемориҳо ва ҳолатҳое, ки боиси равонкунии таъҷилӣ ба шӯъбаи касалиҳои дил мебошанд, инҳо дахл доранд:

  • ҳолатҳои шадид – сактаи дил, аломоти заъфи дил,  эндокардити сироятӣ, миокардит;
  • тапиши фавронии дил – тахикардияи шиддатшаванда – суправентрикулярӣ, ба меъдача дахлдошта, ларзанда;
  • ихтилоҷи рагҳои дил – стенокардияи ноустувор, бӯҳрони мураккабшудаи гипертонӣ, тарбод,
  • норасогии дилу раг, зиққи дил,
  • садамоти кардиогенӣ,
  • Карахтшавии АВ дараҷаи 2–3-юм бо вайроншавии гемодинамика ё аломоти МЭС.

Шӯъбаи пулмонология маризҳоеро, ки дар ҳолатҳои зерин мӯҳтоҷи ёрии таъҷилӣ мебошанд, қабул мекунад:

  • дар вуҷуди илтиҳоби шуш (пневмония) – норасогии шадиди нафаскашӣ ё рагҳо, ҳуши ҷӯлида, гипоксемия, заиф гардидани кори гурдаҳо, ҷигар, диабети қанд, касалиҳои дарозмуддати нойчаҳои шуш (бронхҳо);
  • дар вуҷуди зиққи бронхҳо: авҷгирии дараҷаи 3–4-юм, аз воя зиёд истеъмол кардани симпатомиметикаҳо, ҳолати зиққавӣ;
  • норасогии шадиди нафаскашӣ, аломоти айёншудаи обструктивии нойчаҳои шуш дар вуҷуди бронхит;
  • варами пардаи шуш (плеврит): бо аломоти дард, дар вуҷуди саратон, экссудативӣ.

 

Ба шӯъбаи гастроэнтерологӣ маризоне, ки ба боди шадид, хатари хунравӣ ва дардҳои сахт дар вуҷуди касалиҳои зерин дучор шудаанд, дохил мешаванд:

  • гастрит, касалиҳои захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, эзофагит, энтероколит, дуоденит, касалии Крон;
  • панкреатит, холестистит, гепатити дарозмуддат,
  • сиррози ҷигар,
  • тромботситопения, лейкозҳо, камхунии дараҷаи вазнин.

Шӯъбаи терапевтӣ ба таври шабонарӯзӣ омода аст, ки ба маризон дар ҳолати авҷ гирифтани касалиҳои зерини аллергӣ ёрии таъҷилӣ расонад:

  • аломотҳои Лаел ва Стивенса-Ҷонсон, варами Квинке ва варами роҳҳои нафас, садамоти анафилактикӣ, газназори генерализовишуда;
  • мураккабшавии касалиҳои гурда бо ХПН дараҷаи 2–3-юм;
  • кетоатсидозе, гипогликемия зимни диабети қанд ва ҳ.

Бистарикунонии таъҷилии кӯдакон

Таваҷҷӯҳи махсусро ба бистарикунонии таъҷилии кӯдакон додан зарур аст. Организми кӯдак ҳоло устувор нашудааст ва нисбат ба калонсолон мураккабшавии касалиҳо хеле тез ба вуҷуд омада метавонанд. Маҳз аз ин сабаб, даъвати чархболи тиббӣ аз ҳама зиёд ба шӯъбаи педиатрӣ мушоҳида мешавад.

Экстренная госпитализация

Ҳолатҳои аз ҳама зиёд паҳншудае, ки дар вуҷуди онҳо бистарикунонии таъҷилии кӯдак зарур мешавад, зеринанд:

  • ҷароҳатҳои сутунмӯҳра, захмиҳои дасту по;
  • вуҷуди ҷисмҳои бегона дар маҳватаи шикам, чашмҳо ва сӯрохи гӯш;
  • касалиҳои шадиди сирояткунанда: дифтерия, сирояти менингококкӣ, полиомиелит, доманаи шикам, парадомана, гепатити шадиди вирусдор, сальмонеллез, махмалак;
  • ҳолатҳои вазнини клиникавӣ: заҳролудшавӣ, заҳролуди нейроӣ, заҳролудӣ бо эксикоз, садомот;
  • қиёси ногувори преморбидӣ: дистрофия, чалагӣ, тимомегалия, энтсефалопатияи заъфшудаи перинаталӣ;
  • вайроншавиҳо: хунгардии майна, гузаронандагии рагҳои магистралӣ, пас ҷоришавии шош;
  • касалиҳои фасоддори паҳншавиашон гуногун;
  • ҳолатҳо зимни норасогии дилу рагҳо, норасогии рагҳои дил, номунтазамии тапиши дил;
  • аломоти гипертонӣ, таассурҳои анафилактикӣ, варамии Квинке, эскани авҷгирифта, қайкунии атсетонемӣ;
  • хунравиҳои шуш, медиастенитҳо, варами шушҳои деструктивӣ;
  • хунравиҳо дар вуҷуди гемобластозаҳо, гемофилиҳо, тситопенияҳо,
  • ҷароҳатҳо, сӯхтаҳо, заҳмиҳо, заҳролудшавиҳо.

Бистарикунонии таъҷилӣ тавассути чархбол – чораи зарурие мебошад, ки баҳри наҷотдиҳии ҳаёт равона гардидааст. Агар ба шумо кӯмак лозим шавад, ба маркази мустақили байналмилалии санитарии AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед: мо парвози бетаъхири киштии ҳавоӣ ва дастаи тиббиро ташкил мекунем.